Рейтинги осоиштагӣ: Тоҷикистон аз Амрико, Чин ва Русия пешсаф аст

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото
Жители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар рейтинги Индекси ҷаҳонии сулҳ миёни 163 кишвар дар ҷойи 105 - ум қарор гирифт ва аз лиҳози осоиштагӣ аз Амрико, Чин ва Олмон пешгом аст

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Гузоришгарони Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ, рейтинги кишварҳои осоиштаи ҷаҳонро муайян намуданд, ки Тоҷикистон дар ин радабандӣ аз миёни 163 давлат дар мақоми 105 - ум қарор гирифт.

Сотрудники милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар феҳристи Global Terrorism Index 24 зина поён фаромад

Гузоришгарон аслан меъёрҳое, чун амният, субботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, терроризм, зӯроварии пулис, содироти силоҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ба назар гирифта, ба вазъи осоиштагӣ дар 163 кишвари қора баҳогузорӣ намуданд.

Баҳои бимагарони фаронсавӣ ба амнияти сайёҳон дар Тоҷикистон

Бар тибқи натоиҷи рейтинги Индекси ҷаҳонии сулҳ, Тоҷикистон аз лиҳози амният ва осоиштагии шаҳрвандон аз Амрико, Русия ва Чин низ пеш гузаштааст.

Зимнан, гузоришгарон муайян намуданд, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон (64 )нишондиҳандаи беҳтарин дошта, Туркманистон бо касб кардани мавқеи  115 - ум дар радабандии пасттарин қарор гирифт.

Wi-Fi. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Speedtest Global Index” суръати интернетро дар Тоҷикистон аз бадтаринҳо хонд

Тавре интизор мерафт, дар ҷаҳон ҷои аз ҳама охиринро Афғонистон (ҷои 163-ум) ва ҷойи аввалро Исландия ишғол кардааст.

Бояд  тозаккур дод, ки Тоҷикистон аз рӯи нишондоди худ  аз чунин давлатҳо, ба мисли Чин (ҷои 110), Арманистон (118), ИМА (128), Арабистони Саудӣ (129), Озарбойҷон (130), Эрон (139), Ҳиндустон (141), Исроил (146), Украина (150), Туркия (152), Покистон (153) ва Русия (154) пеш гузаштааст.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи миёнаи сулҳ дар ҷаҳон соли 2019 каме беҳтар шудааст. Нишондиҳандаи миёна 0,09 фоиз афзудааст ва беҳтаршавии мавқеъ дар 86 кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон  ба назар мерасад.

Лентаи хабарҳо
0