Иқдоми раиси Хуҷанд барои китобхон кардани мансабдорон: ҳарки бисёр хонд туҳфа мегирад

© Мэрия города ХуджандаМаъруф Мухаммадзода, мэр города Худжанда
Маъруф Мухаммадзода, мэр города Худжанда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҳудуди 500 китоби шахсиашро барои китобхонаи навтаъсиси ҳукумат тақдим намудааст

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Ин китобхона дар бинои ҳукумати Хуҷанд ба тозагӣ таъсис шуда ва субҳи имрӯз Муҳаммадзода аз он дидан кардааст.

Ҳини боздид раиси Хуҷанд аз хонааш 500 китоби гуногунсоҳаи шахсии худро барои ҳадя ба ин китобхона овардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ҳар сокин соле 5 китоб хонад: Раҳмон гуфт, ин супоришаш қатъисту таҳти назорат

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти ҳукумати Хуҷанд гуфт, таъсиси ин китобхона барои кормандони ҳукумат имкон медиҳад, ки барои рушду такмил додани донишу ҷаҳонбинии худ ва дарёфти иттилоъ аз он самаранок истифода кунанд.

Раиси Хуҷанд, дар пайи боздид аз китобхонаи ҳукумат ба масъулин дастур додаст, ки феҳристи китобҳоро тартиб дода, рӯзҳои мутолиа онҳоро барои хизматчиёни давлатӣ муайян намоянд.

“Барои нафаре, ки китобҳои бештар мехонад, соҳиби унвони “Беҳтарин китобхон” - и китобхонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шуда, охири сол бо тӯҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳад шуд”,- меафзояд Юсуфзод.

 Бино ба гуфти сардори дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд, ҳоло бо эътои китобҳои раиси шаҳр, шумори китобҳои ин китобхона ба ҳазор адад расидааст.

Муҳаммадзода 460 китоб хариду ба китобхона ва муассисаҳои фарҳангу маориф тақдим кард

Амалкарди раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран зимни ироаи Паёми солонааш дар бораи нақши китоб дар такомули афкори ҷомеа ибрози назар карда, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур дод, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намоянд ва дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0