Фармони Президент: Эмомалӣ Раҳмон вакилони тозаинтихобро ба маҷлис даъват кард

© SputnikРахмон голосует на выборах
Рахмон голосует на выборах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 марти соли 2020 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла вакилони навинтихобшударо ба иҷлосия даъват кардааст.

Дар ин бора дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи онро котиботи раисҷумҳур мунташир кардааст, омадааст.

"Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 марти соли 2020 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар санад.
Интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот 2020: кӣ бурду кӣ бохт

Ёдрас мешавем, якуми март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. 2 март, баъди зуҳр натиҷаҳои интихобот эълон шуд.

Аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

Аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон -  5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Эълони натиҷаҳои интихобот: Кадом ҳизб чанд курсӣ гирифт?

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 3,1 дарсад ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо 0,32 фоизи овозҳо ба парлумон роҳ наёфтанд. Инчунин дар интихобот 59 ҳазору 30 нафар, 1,39 дарсад мухолифи ҳама овоз додаанд.

Лентаи хабарҳо
0