Баҳои баланди Лебедев ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон: дар сатҳи баланд гузашт

© Sputnik / Виктор ТолочкоПредседатель Исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев, архивное фото
Председатель Исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Сергей Лебедев, роҳбари намояндагии нозирони ИДМ баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ табодули афкор намуданд,-хабар додааст “Ховар”.

Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Ном ба ном: 41 ғолиби интихоботи парлумонии 2020

Дар мулоқот Лебедев оид ба натиҷаҳои кори Намояндагии нозирони ИДМ дар интихоботи вакилон ба парлумони Тоҷикистон, ки 1 март баргузор шуд, гуфтааст.

Сергей Лебедев аснои мулоқот ба тадбирҳои омодагӣ ва ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд додааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо риояи талаботи қонунгузории мамлакат ва меъёрҳои байналмилалӣ амалкунанда баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои ҷаласаи ояндаи Шӯрои сарони ҳукуматҳоро, ки 29 май дар Тошканд баргузор мешаванд, баррасӣ карданд.

Эълони натиҷаҳои интихобот: Кадом ҳизб чанд курсӣ гирифт?

Сергей Лебедев дар як нишасти хабарӣ низ гуфт, ташкили маъракаи интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дуруст ба роҳ монда шуда, нозирони ИДМ ҳеҷ як ихтилоферо дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ мушоҳида накарданд.

“Шояд дар баъзе аз ҳавзаҳои интихоботӣ ихтилофҳо буданд. Мутаасифона мо натавонистем ҳамаи ҳавзаҳоро назорат кунем, аммо ҳавзаҳоеро, ки нозирони мо назорат карданд, ҳеҷ як қонуншиканиро ба қайд нагирифтанд. Масъулин маъракаи раъйдиҳиро дуруст ба роҳ мондаанд”, - таъкид дошт Лебедев.

Лентаи хабарҳо
0