СҲШ интихоботро дар Тоҷикистон шаффофу демократӣ номид

© Sputnik / Стас ЭтвешВыборы в парламент
Выборы в парламент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини котиби кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров таъкид дошт, ки дар интихобот мақомоти Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки ошкорбаёнӣ, шаффофият ва демократияро таъмин кунанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Интихобот дар Тоҷикистон қадами муҳиме дар рушди демократия гардид, гуфтааст муовини котиби кулли Созмони ҳамкориҳои Шонхой Нурлан Аккошкаров.

 Вай таъкид кардааст, ки дар интихобот роҳбарияти кишвар кӯшиш карданд, ки ошкорбаёнӣ, шаффофият ва демократияро таъмин кунанд. Барои интихобкунандагон, намзадҳо ба вакилӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва нозирони байналмилалӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда буд.

"Интихобот ба талаботҳои қонунгузории интихоботӣ дар ҷумҳурӣ ва санадҳои байналмилалӣ мувофиқат мекард", - афзуд ӯ.

Нашри нахустин наворҳои қонуншиканӣ дар интихобот ва изҳороти раиси КМИР

Роҳбари намояндагии нозирони ИДМ Сергей Лебедев пештар изҳор дошт, ки "мутаассифона мо натавонистем аз 41 ҳавзаи интихоботие, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад боздид намоем, аммо нозирони ИДМ аз 31 ҳавзааш боздид намуданд ва онҷо ҳеҷ як қонуншиканиеро мушоҳида накарданд".

Сатторов: барои ҷавонон иштирок дар интихобот ин як дарси демократия аст

Вай афзуд,  ташкили маъракаи интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дуруст ба роҳ монда шуда, нозирони ИДМ ҳеҷ як ихтилоферо дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ мушоҳида накарданд.

Лентаи хабарҳо
0