Қирғизистон мизбонии мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи куштиро рад кард

© Judotmz.jimdoДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Қирғизистон ба далели хатари коронавирус аз мизбонии мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи куштӣ даст кашид

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ожонси давлатии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Қирғизистон Иттиҳоди ҷаҳонии куштиро огоҳ кардааст, ки мусобиқаи интихобии олимпии Осиё дар бахши куштиро баргузор намекунад, хабар додааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми ҳафтуми Сомон ва Беҳрӯз дар "Paris Grand Slam 2020"

Ба иттилои манбаъ, сабаби ин тасмимро мақомоти Қирғизистон дар паҳншавии васеи вируси COVID-19 дар саросари ҷаҳон гуфтааст.

Баргузории мусобиқа рӯзҳои 27-29 март дар назар буд. Интизор меравад, ки Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ масъалаи мазкурро баррасӣ мекунад ва ҳафтаи оянда барои ироаи хулоса бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтушунидро идома медиҳад.

Баргузории мусобиқаи мазкур нахуст дар шаҳри Сиани ҷумҳурии Чин ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби зуҳури вируси нав дар ин кишвар макони баргузории мусобиқа шаҳри Бишкеки Қирғизистон муайян шуда буд.

Ҳукумати Чин рӯзи 31 - уми декабри соли гузашта ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар дода буд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Ирон, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Ҳонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0