ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Набизода мегӯяд, мақомоти ҳавонавардӣ дар асоси дастури Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида, назоратро дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат пурзӯр гардонидааст.
Ӯ зикр намуд, ки аз 26 январ парвозҳои ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Чин, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Somon Air” ва “China Southern Airlines” қатъ гардид.
"Инчунин аз 20 феврал парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе- Машҳад, Теҳрон-Душанбе-Бишкек, ки ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии эронии “Varesh Airlines” сурат мегирифт, манъ гардид", - хабар додаст "Ховар" аз қавли Набизода.
Манбаъ афзуд, бо дарназардошти ба қайд гирифтани ҳолати сирояти коронавирус дар Афғонистон ширкати ҳавопаймоии "Kam Air"-и Афғонистон низ аз 26 феврал парвозҳоро дар хатсайри Душанбе - Кобул муваққатан қатъ намуд.
Даргузашти мақомдори баландпояи Эрон аз коронавирус
Набизода таъкид намуд, дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд аз ҷониби марказҳои тиббии фурудгоҳҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи сантирӣ - карантинӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо дастгоҳҳои фосилавӣ - теплавизор ва термасканерҳо, ки ҳарорати бадани инсонро муайян менамоянд, гузошта шудаанд.