ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Трамп занг зада, пешрафтҳои муҳими рӯзи гузашта дар истиқрори сулҳро шодбош гуфт, изҳор доштааст Ғанӣ дар саҳифааш дар Twitter. Ба гуфтаи Ғанӣ, Доналд Трамп ба Ҳукумату давлатдорони Афғонистон изҳори боварӣ кардааст, ки зарфияти идораи иқдоми минбаъда дар истиқрори сулҳро доранд.
I received a phone call from Pres @realDonaldTrump today, congratulating me on yesterday’s important developments with regards to the evolving peace process. POTUS expressed his confidence in the Afghan government’s leadership and state capacity to lead the next steps in process.
— Ashraf Ghani (@ashrafghani) March 1, 2020
Ахиран ИМА ва Толибон, ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон, дар давлати Қатар созишнома имзо намуданд, ки тибқи он ИМА дар муддати 135 рӯз пас аз ин тавофуқ нерӯҳои худро дар Афғонистон ба 8 ҳазору 600 нафар коҳиш медиҳад.
Дар баёнияи давлатҳои Афғонистон ва Амрико омдааст, дар сурате, ки Толибон ба тааҳудоташ амал кунад, Амрико ва НАТО ҳамаи нерӯҳои худро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шермуҳаммад Аббос Станакзай, масъули созмони мамнӯъи Толибон, бо ишора ба ин, ки таваққуфи ҷанг бо Амрико шомили нерӯҳои афғон намешавад афзуд, барои таваққуфи ҷанг бо нерӯҳои амниятии афғон ба тавофуқи дигаре ниёз аст.