Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкВыборы, архивное фото
Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки дар соатҳои аввал наздики 24 дарсади овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Тоҷикистон аз субҳи барвақт то 20:00 бо вақти маҳаллӣ кушода хоҳанд буд ва КМИР изҳор дошт, ки ҳар се соат натиҷаҳоро эълон хоҳад кард.  КМИР хабар дод, ки то соати 9, ҳудуди 23,4 дарсади овоздиҳандагон, беш аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Як давлат ду президент: дар Афғонистон Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҷудогона савганд ёд хоҳанд кард

Тоҷикистониёни берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.

Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил-41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд.

Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон вакилони парлумон барои 5 сол то соли 2025 интихоб карда мешаванд.

Бар асоси омори КМИР дар интихоботи имрӯза барои 63 мақоми вакилӣ 241 номзад рақобат мекунанд.

Натиҷаҳои аввалия давоми 24 соат баъди анҷоми овоздиҳӣ ва хулосаи ниҳоӣ давоми ду ҳафта эълон хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0