Навбат дар сафорат: иштироки фаълонаи муҳоҷирони тоҷик дар интихоботӣ парлумонӣ

Обуна шудан
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 баргузор мешавад. Ин шашумин интихобот дар парлумони кишвар дар таърихи соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад

Интихобот дар ду баст: дар палатаи поёнӣ - Маҷлиси намояндагон рӯзи 1 март ва дар палатаи болоӣ (Маҷлиси миллӣ) рӯзи 27 март доир мешавад. Ин рӯзҳоро президенти Тоҷикистон бо судури фармон моҳи декабри соли 2019, муайян кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки номзадии кам ё беш аз 22 нафари онҳо тавассути овоздиҳии ҳизбӣ ва боқмонда аз ҳисоби райдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар вакил интихоб мешаванд.

Публикация от Посольство Таджикистана в РФ (@tajembassy.ru)

Маҷлиси миллӣ аз 33 намоянда иборат буда, 25 каси онҳо дар паи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2020 ҳизби ҳукмрон Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократӣ ва сотсиал-демократӣ ширкат мекунанд.

Ҳамаи ҳафт ҳизби сиёсӣ бояд 75 рӯз пеш аз интихобот маҷлиси пешазинтихоботӣ баргузор кунанд.Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, эълон кард, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.

То соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 миллиону  703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд, хабар додаст “Ховар” аз қавли Худоёрзода.

Манбаъ зикр кардааст, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Раъйдиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 қитъаи интихоботӣ идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст. Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 18:00 пешниҳод мегардад.

Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Тоҷикистониёни берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд. Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Маскав ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон пушти дари сафорат омаданд, то дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянду ба вакил ва ҳизби дилхоҳи худ раъй диҳанд.

Дар Русия теъдоди тоҷикистониён ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Қаблан КМИР хабар дод, ки то соати 9, ҳудуди 23,4 дарсади овоздиҳандагон, беш аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0