ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар маросими имзои Созишномаи сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Русия, Қазоқистон ва Ҷопон оид ба Афғонистон ҳузур доштанд, хабар дод Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
“Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад”, - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури хориҷӣ афзуд, дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии ИМА Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон А.Комилов ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов сурат гирифт.
Дар баёнияи давлатҳои Афғонистон ва Амрико дар пайи имзои созишнома бо Толибон омдааст, дар сурате, ки Толибон ба тааҳудоташ амал кунад, Амрико ва НАТО ҳамаи нерӯҳои худро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард.
Ҳамчунин бар асоси тавофуқи ИМА ва Толибон, Амрико дар муддати 135 рӯз пас аз ин тавофуқ нерӯҳои худро дар Афғонистон ба 8 ҳазору 600 нафар коҳиш медиҳад.