ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби ин вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бе бориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва барфу борон дар назар аст
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дамиои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.