Талбандаи мардумфиреб ба даст афтод: солим аст, аммо худро маъюб вонамуд мекард

Обуна шудан
Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз амали ноҷавонмардонаи як сокини Ваҳдат ҷилавгарӣ намуданд. Номбурда бо вуҷуди солим будан, худро маъюб вонамуд карда, бо аробачаи маъюбӣ дар кӯчаҳо талбандагӣ мекард

Сино Ҳамроев ҷавони 30 - соло, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад, ки дар кӯчаҳои пойтахт савори аробачаи маъюбӣ ба талбандагӣ машғул аст. 

Талбандагӣ мояи даромад нест: ошкорсозии як ҳолати нангин бо истифода аз мӯсафеди солхӯрда  - Sputnik Тоҷикистон
Бизнеси нангини се ҷавон дар Душанбе: талбандагӣ ба воситаи марди солхӯрдаву ночор
Аммо дар асл ин ҷавон соқу саломат буда, бо вуҷуди ҷавон будани худ аз раҳму шавқати роҳгузарони истифода карда, ба фиребкории мардум даст задааст.

Кормандони милитсияи пойтахт, муаяйян намуданд, ки Сино дар асл маъюб нест ва қобилияти хуби коркунӣ дорад, вале аз ҳисоби танбалӣ ва одати ба даст овардани пули муфт, ба ин кор  машғул шудааст.

Чаро талбандагӣ кардӣ?: директори интернат дар Хатлон хонандаро бо чӯб латту кӯб кард

Сокини шаҳри Ваҳдатро кормандони милитсия дар назди маҷмааи савдои "Пайкар" боздошт карданд. Аснои бозпурсӣ ӯ иқрор шудааст, ки ҳамарӯза бо роҳи талбандагӣ аз 150 то 200 сомонӣ маблағ кор мекардааст.

Ба иттилои кормандони милитсия, ба даст афтодани Сино ягон ҳолат набуда, қаблан низ чандин ҷавонони сиҳат, ки худро маъюб вонамуд карда ба талбандагӣ машғул мешуданд, боздошт гардида буданд.

Лентаи хабарҳо
0