Сипоси Зуҳуров ба журналистон: аз ҳамкорӣ қаноатмандем

© © Sputnik / Амир ИсаевШукурджон Зухуров
Шукурджон Зухуров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, инъикоси мавзӯъҳои марбут ба парлумони кишвар давоми панҷ соли гузашта ба талабот ҷавобгӯ буд

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум изҳор доштааст.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президент ба Шукурҷон Зуҳуров Ордени “Зарринтоҷ” тақдим кард

Ба иттилои сомонаи расмии парлумони кишвар, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, хушбахтона, аксари кулли журналистоне, ки дар давоми даъвати панҷум паҳлуҳои гуногуни кори Маҷлиси намояндагонро дар радиову телевизионҳо ва нашрияву сомонаҳои хеш инъикос намуданд, ба талабот ҷавобгӯ буданд. Мо аз ҳамкорӣ бо журналистони парламентӣ, ба сурати умум, қаноатмандем ва ба онҳо сипос мегӯем.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ҷашни 20-солагии парламенти касбии тоҷик натанҳо ба мо — вакилон, балки ба журналистикаи муосири парламентии тоҷик низ тааллуқ дорад. Он ҳамсоли Маҷлиси Олӣ мебошад.

“Дар давоми ин бист сол дар кори журналистони парламентӣ низ анъанаҳои зиёд ташаккул ёфтанд, ки мо онҳоро медонем ва ба онҳо эҳтиром мегузорем. Анъанаҳои мазкур дар озодиҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Тоҷикистон ва, пеш аз ҳама, дар арзишҳои озодии сухан асос ёфтаанд”,-афзудааст Зуҳуров.

Баҳси маош дар парлумон: Ғаффоров пурсид чанд сомонӣ, Зуҳуров гуфт кам

Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, ҳар дафъа, ки ба қонунгузорӣ оид ба воситаҳои ахбори омма тағйиру иловаҳо пешниҳод мешаванд, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳифзи ҳуқуқҳои журналистон қарор мегиранд. Зеро озодии сухан яке аз дастовардҳои воқеии ҷомеаи кишварамон маҳсуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0