Қуръакашии чемпионати Тоҷикистон – 2020: се даста бори аввал роҳхат гирифтанд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкЖеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира
Жеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 28 феврал дар меҳмонхонаи “Hyatt Ragency”-и Душанбе маросими қуръакашии Чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 доир шуд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Чемпионат дар риштаи футбол дар се марҳила сурат мегирад ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад, хабар додаст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд  - Sputnik Тоҷикистон
Сад ҳазор сомонӣ туҳфаи Аҳмадзода ба дастаи "Хуҷанд" баъди ғалаба бар "Нефтчӣ"

Ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати 29-уми Тоҷикистон 10 даста  - "Истиқлол", "Хуҷанд", "Регар-ТадАЗ", КМВА, "Истаравшан", "Куктош", "Хатлон", "Локомотив-Помир", "Файзканд", "Душанбе-83" иштирок мекунанд. Се дастаи охир - "Локомотив-Помир", "Файзканд", "Душанбе-83" бори аввал ба лигаи олӣ роҳхат гирифтаанд.

Кумита афзуд, қуръакашии тақвими чемпионатро футболбозони дар гузашта маъруфи кишвар - Зокир Бердиқулов, Иброҳим Рабимов, Алексей Негматов ва Мансур Ҳакимов анҷом доданд.

Ҷомро дар оғози маросим серҷоизатарин футболбоз дар таърихи Чемпионати Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов, ки дар ҳайати дастаҳои "Варзоб", "Регар-ТадАЗ" ва "Истиқлол" чемпион шудааст, ба саҳна баровард, гузориш дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Сипас тибқи анъана аввал қуръакашии ду марҳилаи чемпионат ва баъдан марҳилаи сеюм доир гашт.

Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон “Локомотив-Помир” бо “Файзканд”, “Душанбе-83” бо “Истиқлол”, КМВА бо “Хуҷанд”, “Хатлон” бо “Истаравшан”, “Куктош” бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд.

Лентаи хабарҳо
0