ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Расонаҳои Русия хабар доданд, ки субҳи имрӯз марди 77-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми навбатпойӣ пеши шӯъбаи раёсати умури муҳоҷират дар ноҳияи Ворошилови шаҳри Ростови лаби Дон ҷон дод.
Марди солхӯрда бо писараш пеши идораи мақомоти муҳоҷират навбаташро барои қайд интизор буд, хабар додааст “Блокнот Ростов” аз қавли шоҳидони ҳодиса.
“Ҳамроҳи писарашон навбат барои қайдро интизор буд, ки баногоҳ вазъи саломатияш бад шуд. Ёрии таъҷилии тиббиро даъват карданд, аммо табибон танҳо ҳолати маргро таъйид карда, рафтанд”, - нақл кардааст шоҳид.
Манижа, ки доварони "Голос. Дети" дар шабакаи 1-и Русияро тасхир кард, кист? -видео
Сипас ба ҷои ҳодиса кормандони пулис даъват шуданд. Шоҳиди ҳодиса гуфтаст, ҷасди муддати дароз пеши идораи мақомоти умури муҳоҷират монд. Писари марди марҳум, рақамҳои мақомоти Русияро намедонист, ки бо кундӣ бо забони русӣ аз атрофиён кумак мехост, изҳор доштаст шоҳиди ҳодиса.
Расонаҳои Ростови лаби Дон таъкид намудаанд, ки навбат дар шуъбаи Раёсати хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ворошилов хеле тӯлонӣ мебошад. Утоқи бақайдгирӣ соати 9:00 ба кор оғоз мекунад, аммо мардум ҳанӯз аз соати 6:00 навбат меистанд, рӯйхатро таҳия мекунанду аз рӯи он ба қабули масъулин медароянд. Вақти оғози қабулро корафтодагон дар кӯча интизор мемонанд, хабар додааст “Блокнот Ростов”.
Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Архангелски Русия: аз ошёнаи 12 ба замин сарозер шуд
Манбаъ аз қавли дафтари матбуоти пулис иттилоъ додааст, ки марди фавтида 77 сол дошта, тибқи иттилои аввалия бар асари сактаи дил ҷон додааст.