Кисабурии зани 55 - сола дар бозори Корвон: қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст

© SputnikРынок в Душанбе "Корвон"
Рынок в Душанбе Корвон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зани 55 - солаи шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби кормандони милитсия барои содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт гардид, қаблан низ айнан бо ҳамин ҷурм суд шудааст

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 55 - сола хабар медиҳад, ки барои дуздии пул ва телефони ҳамроҳ гумонбар дониста мешавад.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Номбурда дар асоси шикояти як соҳибкорзан, ки дар бозори Корвон фаъолият мекунад, боздошт гардидааст.

Ба тибқи шикояти соҳибкор, зани 55 - сола, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 6 - уми сентябри соли 2019, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар бозори Корвон бо роҳи пинҳонӣ 3 800 сомонӣ ва як адад телефони ҳамроҳ дуздида, аз ҷойи ҳодиса фирор намудаст.

Боздошти 4 зан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"

Пас аз дастгир гардидани ин зан маълум шудаст, ки номбурда қаблан ҳам бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0