ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 14 - уми марти соли ҷорӣ дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегардад.
Ин иқдом дар заминаи дастур ва супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҳамзамон дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, макони баргузории мусобиқаҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аз гардиши Товус то "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт ва вақти баргузории онҳо аз соати 8:00 то 10:00 муқаррар шудааст.
Ҳушдори шаҳрдории Душанбе аз роҳбандии чорсоата дар рӯзи марафони велосипедронӣ
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкурсоли сеюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад.