Хостам тарсонам: боздошти Пулодов барои кордкашӣ ба сӯи додараш

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салим Пулодов, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кардааст, ки бо корд задани бародари 36 солааш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, Дилшод Пулодов, ба хонаи истиқоматиашон маст омада бо бародари бузургаш Салим Пулодов дар муноқиша мешавад.

Ба иттилои манбаъ,вақте бародар барои муқобила бо додар оҷиз мемонад, олоти буррандаи устогиро истифода менамояд.

Гуфта мешавад, ҳодиса санаи сеюми феврал соати 21:30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Гули сурхи ҳамин шаҳр, дар назди аъзоёни дигари оила сурат гиритфааст.

Зимни бозпурсӣ Салим Пулодов дар навори видеоӣ мегӯяд, дар хона бо фарзандона телевизион тамошо дошт, ки бародараш ба хона маст зада даромад ва ба ӯ дар афтод. Салимов мегӯяд “Ҳарчанд хонагиҳо халос карданд, вале нашуд ва ман тасмим гирифтам бо корди обойбурри каме буррам то тарсад”,-мегӯяд Салимов.

Раёсати ВУД дар Суғд таъкид намуд, ки алайҳи Салим Пулодов барои қасдан расонидани зарари вазнин ба  саломатӣ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0