Пешбинии обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе зимой, архивное фото
Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар минтақаи сардтарини Тоҷикистон то 19 дараҷа хунук мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Танҳо дар ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Весна в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Борон ва то 23 дараҷа гармӣ: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз
Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, бориши борон ва барф дар назар аст.  Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат меборад.    Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва   рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  абрнок шуда, борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 18-23 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Нимаи дуюми рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда, то 0+5 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барфи тар  меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориш шиддат мегирад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 9-14 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0