Назорат дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурзӯр шуд

© AFP 2023 / BANARAS KHANВрач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19
Врач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бо мақомоти беҳдоштии Афғонистон ҳамоҳанг намуд, то аз вуруди афроди мубтало ба бемории корона ба дохили Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳо пешгирӣ шавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, ки Тоҷикистон назорат дар марзи кишвар бо Афғонистонро пурзӯр кардааст.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Муҷтабо Зулнур, дуввумин намояндаи баландпояи Эрон гирифтори коронавирус шуд
Мирҳамуддин Камолзода афзуд, ба далели пайдо шудани ин беморӣ дар Афғонистон тасмим гирифта шуд, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз гузашта кантрол шавад.

"Агар вирус бештар дар кишвари ҳамсоя паҳн шавад, Тоҷикистон марзашро бо ҷумҳурии исломӣ мебандад", - таъкид кардааст вай.

 Ба гуфтаи Камолзода, Тоҷикистон бо мақомоти беҳдоштии Афғонистон ҳамоҳанг намуд, то аз вуруди афроди мубтало ба бемории корона ба дохили Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳо пешгирӣ шавад.

То имрӯз ҳудуди 1148 шаҳрванд, ки аз аввали феврал дар Тоҷикистон дар карантин буданд,8 82 нафар ҷавоб дода шуданд.

Муовини вазири беҳдошти Эрон, ки мубталои коронавирус шуд: "мо короноро шикаст медиҳем"

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳеҷ мавриди мубталоӣ ба коронавирус дар кишвар сабт нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0