https://sputnik.tj/20200227/Dar-markazi-Dushanbe-namoishgoi-zeboi-navrz-barguzor-meshavad-1030782971.html
Дар маркази Душанбе намоишгоҳи зебои наврӯзӣ баргузор мешавад
Дар маркази Душанбе намоишгоҳи зебои наврӯзӣ баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин... 27.02.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-02-27T13:03+0500
2020-02-27T13:03+0500
2020-02-27T13:03+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/83/1029238352_0:286:3000:1982_1920x0_80_0_0_face7083da106f1d890769934cf59e0d.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/83/1029238352_0:114:3000:2000_1920x0_80_0_0_1a9b06490d0d0cdf3424ac8242bfcbfd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Дар маркази Душанбе намоишгоҳи зебои наврӯзӣ баргузор мешавад
Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Душанбе аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии шаҳрдории пойтахт намоишгоҳи наврӯзӣ баргузор мешавад, гузориш медиҳад "Ховар".
Намоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии "Иттифоқи ҳунармандон" ба муносибати ҷашни Наврӯз таҳти унвони "Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020" ташкил мегардад.
"Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 11:00-и шаб идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Мақсад аз баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо асарҳои ҳунармандон, рассомон ва кулолгарони дохиливу хориҷӣ гуфта мешавад.
Ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд.
Аз Рузи модар то Наврӯз: 14 рӯзи истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март
Ҳамагон метавонанд тӯли як моҳ бо кори ҳунармандони мо аз наздик шинос шуда, туҳфаҳову ширинӣ харидорӣ намоянд.