ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба наздикӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Фестивал ё ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони "Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод" доир мегардад, гузориш медиҳад "Ховар".
Фестивали мазкур дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуда, дар он беш аз 300 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.
Фестивали фарҳангии ҷавонон аз бахшҳои мухталиф иборат буда, дар он рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бо забонҳои гуногун қироат карда мешаванд. Дар барномаи он ҷавонони хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ суруд месароянд.
Инчунин ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Норак, мавзеъҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, таърихӣ ва Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара дидан мекунанд.