Сабаби сӯхторе, ки ҷони чор касро рабуд, печи барқӣ будааст

CC BY-SA 3.0 / Wikipedia / Электрообогреватель, архивное фото
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳодисаи сухтор, ки шаби 25-уми феврал риштаи умри падару модар ва ду фарзанди онҳоро дар ҷамоати деҳоти Ёва дар ноҳияи Б. Ғафуров канда кард, аз ҳисоби печи барқӣ сар задааст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров мегӯянд, ҳодисаи сӯхтор дар манзили хонаводаи Раҷабовҳо дар ҷамоати Ёва аз ҳисоби печи барқӣ ба вуқӯъ омадааст.

Бино ба хабари манбаъ ноқили радиатори равғанӣ ё худ пече, ки барои гармидиҳӣ дар ин хонавода истифода мешуд, шабҳангом оташ гирифтааст.

"Сӯхтор аз сабаби аз меъёр зиёд тафсидани печкаи равғанӣ рух додааст. Ин ҳолат эҳтимол аз ҳисоби гузоштани ягон ҷома ба болои таҷҳизоти гармидиҳӣ, ё ин ки аз сабаби якбора баланд шудани шиддати нерӯи барқ ба вуҷуд омадааст. Мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ доранд", -  гуфт манбаъ.

Дар пайи рухдоди ин ҳодисаи мудҳиш дар соатҳои 03:04 и шаби 25-уми феврал, Абдумавлон Раҷабови 28 -сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25 -сола ва ду кӯдаки онҳо Сафияи 4 - сола ва бародараш Кабирҷони 3 - сола дар хона ба ҳалокат расидаанд.

Пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтори мудҳиши шабҳангом дар Суғд: чор узви як хонавода ҷон бохтанд

Маросими ҷанозаи ин чаҳор узви як хонавода, дирӯз бо иштироки хешу пайвандон, ҳамсояҳо ва масъулини ҳукумати ноҳия дар ҷамоати деҳоти Ёва баргузор шудааст.

Навори сӯхтори мудҳиш дар Томск: шаҳрвандони Узбакистон ҷон бохтанд - видео

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳам дар бораи рухдоди ин ҳодисаи ғайринтизор дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров хабар дода гуфт, ки мутаасифона шиддати сӯхтор ба оташнишонон даст надод, ки ақалан ҷони яке аз чор узви ин хонаводаро наҷот диҳанд.

"Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби он гардид, ки бошандагони хона дар дохил ҳалок шаванд", -  гуфтааст КҲФ.

 Зимнан, ин дуввумин ҳодисаи пурқурбонии сӯхтор дар фасли зимистон дар манзили сокинони ноҳияи Б. Ғафуров ба ҳисоб меравад.

Рӯзи 27-уми ноябри соли 2019 дар манзили оилаи Ортиқовҳо дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов сӯхторе рух дода буд, ки бар асари он се кӯдак: Шукрулло Ортиқови 6-сола, Инобат Ортиқоваи 4-сола ва Бонуҷон Ортиқоваи 3-сола, ки ҳамроҳ дар як манзил мехобиданд, ба ҳалокат расиданд. Он замон ҳам сабаби сар задани сӯхторро манобеъи огоҳ, аз ҳисоби нодуруст истифода шудани печи барқӣ арзёбӣ мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0