Футболбозони тоҷик дастаи Қазоқистонро шикаст доданд

© © ФФТФутбольный клуб "Истиклол" провел первую контрольную игру на учебно-тренировочном сборе в турецкой Анталии
Футбольный клуб Истиклол провел первую контрольную игру на учебно-тренировочном сборе в турецкой Анталии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Истиқлол"-и Тоҷикистон дар бозии дӯстона, "Шахтиёр Қарағанда"-и Қазоқистонро шикаст дод. Бозӣ 1 бар 0, ба фоидаи тими тоҷикистниҳо ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ин мусобиқа дар шаҳри Белеки Туркия баргузор шуд ва бо пирӯзии як бар сифр ба поён расид.

Голи пирӯзиро Искандар Ҷалилов, мудофеи ин тим ба самар расонд.

Пештар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 21 феврал бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардид.

Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони беҳтаринҳои футбол дар Хатлон
Дар гурӯҳи “А” дастаи КМВА бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид, ки ҳар се гол дар нимаи аввал зада шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, бозингари тими артиш Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 16 ҳисобро кушод. Баъд аз 16 дақиқа Илҳом Баротов ҳисобро баробар кард. Голи ғалабаоварро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввали бозӣ зад.

Дар бозии дигари гурӯҳ тими “Равшан” дастаи “Локомотив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Голи ягонаро Далер Чолов дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд, навиштааст сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо кӯдаки бепой футбол бозид - видео

Дар гурӯҳи “Б” “Хатлон” ба дарвозаи “Куктош” 4 голи беҷавоб зад. Нуриддин Ҳамроқулов 2 гол, Сорбон Авғонов, Эҳсон Бобоев якголӣ ба номашон сабт намуданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” – “Эсхата” бо пирӯзии футболбозони Душанбе (2:1) анҷом ёфт. Бозингари “Душанбе” Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 11 ҳисобро боз кард, ҳамдастааш Парвиз Ҳомидов пас аз 6 дақиқа ҳисобро афзуд. Голи “Эсхата”-ро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 зад.

Гуфта мешавад, бозии охирини дӯстонаи "Истиқлол" дар марҳилаи омодагиҳояш дар Анталияи Туркия бо тими "Сулутск"-и Белорусия доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ахиран раҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” Виталий Левченко, собиқ муҳофизагари яккачини Тоҷикистонро сармурабии даста таъйин намуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0