ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар шаҳри Дэгуи Кореяи Ҷанубӣ садҳо нафар барои харид кардани ниқоб саф кашиданд, менависад Daily Mail бо истинод ба расонаҳои дохилии ин кишвар.
Дар наворе, ки расонаҳои ин кишвар нашр намудаанд, сафороии сокинон барои дастрас кардани ниқоб чунон тӯлонӣ аст, ки қариб анҷом надорад.
Сокинони шаҳр пас аз эълони як мағоза, ки раҳбарияти он тасмим гирифтаст ниқобро ба арзиши як баробар аз нархи мавҷудаи арзон фурӯшад, ба кӯчаҳо рехтанд.
Мағоза эълон намудааст, ки 1,41 миллион ниқобро ба фурӯш мебарорад.
Коронавирус: дар ВМКБ 29 кас мураххас шуду як нафар дар каратин қарор дорад
Қобили зикр аст, ки алъон Кореяи Ҷанубӣ аз лиҳози шумораи дардмандони маризии коронавирус, пас аз Чин дар мақоми дуввум қарор дорад.
Дар Кореяи Ҷанубӣ феълан 800 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт гардидаст.
Бар тибқи маълумоти ахир, шумораи дармандони ин маризӣ ба 79 ҳазор нафар расидаст. Зимнан, бар асари ин беморӣ дасти кам 2702 мариз ҷон аз даст дода, 27 ҳазор бемори дигар шифо ёфтанд.