Рӯзи 25 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1990 дар ИМА дар тамоми хатсайрҳои дохилӣ кашидани тамоку манъ карда шуд.
Соли 1994 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Камбоҷа муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Рӯзи 25 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2010 Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шарқшиноси барҷаста, Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Ленинград Николаев Александр Болдирович, ки ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва тарбияи шарқшиносони тоҷик бахшидааст, дода шуд.
Соли 2011 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 50-солагии Иттифоқи байналмилалии илмҳои геологӣ семинари байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он сардори вақти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд.
Соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯрои мазкур агентиҳои иттилоотии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
Соли 2013 раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон- Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.
Соли 2015 дар Душанбе масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.
Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.
Соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
Ҷашнҳои рӯзи 25 феврал
- Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
- Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.