Мусавӣ: масдуд шудани марзҳо бо Эрон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя муваққат аст

© AP / Ronald ZakФлаг Ирана. Архивное фото
Флаг Ирана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, масдуд шудани марзҳо бо Эрон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя муваққат аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба гузориши Форс, сухангӯи вазорати хориҷа гуфт, масдуд шудани марзҳо бо Эрон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя дар пайи густариши корнавирус иқдомоти пешгиронаи муваққат аст.

Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Эрон ба 12 нафар расид

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран дар гуфтугӯе дар бораи масдуд шудани марзҳо бо Эрон дар пайи густариши корнавирус бо баёни инки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ вазъияти изтирорӣ барои манотиқи мухталифи ҷаҳон эълом кард, унвон кард, бо таваҷҷуҳ ба ин қазия, табиӣ аст иқдомоте, ки бояд сурат бигирад ба сурати ҷамъӣ бояд анҷом шавад.

Вай афзуд, мавқеи, ки кишвари мо олуда нашуда буд нигарониҳое доштем ва баъд аз он ҳам вақте, ки вирус вориди кишвар мо шуд, кишварҳои ҳамсояи мо нигарониҳое доштанд ва ин қазия табиӣ аст, вале ин набояд монеи муровидоти мардумӣ ва ё ҳатто содирот ва воридот байни кишварҳо шавад.

Мусавӣ хотирнишон кард, вазорати умури хориҷа аз тариқи сафоратхонаҳоямон ройзаниҳоеро бо мақомоти кишварҳои ҳамсоя шурӯъ карда, ки ба онҳо итминон диҳанд, ки ҳеҷ гуна мавориди машкуке аз марзҳо убур нахоҳад кард.  Аз ҷумла баҳсҳои гувоҳии сиҳат ва саломат ва баҳси колоҳо маддиназар аст, ки битавонем дар ин шароит бо кумаки ҳамдигар ва кишварҳои минтақа, зимни инки нигаронии ҳамдигарро рафъ кунем, муровидотро низ ба шакли матлубе идома диҳем.

Санҷиши таби мусофирон дар гузаргоҳи наздимарзии Ироқу Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Се кишвари ҳамсоя ба хотири “коронавирус” марзҳояшонро ба рӯи Эрон бастанд

Ёдрас мешавем, ки  дар Эрон шумораи қурбониёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" рӯ ба афзоиш аст. Хабаргузории Ирно аз қавли намояндаи расмии Вазорати беҳдошти Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур  хабар медиҳад, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 12 тан ва теъдоди мубталоён ба 64 нафар расид.

Коронавирус, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, акнун илова бар ин кишвар ба беш аз 25 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷануӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот ҳам гузаштааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва беш аз 2 ҳазору 300 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0