Истироҳат ва таҳсил: чигуна дар Олмон забони тоҷикиро меомӯзанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБиологический факультет МГУ
Биологический факультет МГУ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чор донишгоҳи Тоҷикистон забони олмонӣ омӯхта мешавад. Дар Олмон боҳад дар лагерҳои истироҳатӣ забони тоҷикиро меомӯзонанд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Олмон ҳангоми истироҳат дар лагерҳо забони тоҷикӣ дарс дода мешавад, хабар дод сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн дар мулоқот бо вазири маорифи ҶТ.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Олмон 4 миллион евра ба Тоҷикистон ихтисос медиҳад

Бино бар иттилои вебгоҳи Вазорати маориф ва илм, чанде пеш вазир Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Олмон мулоқот намуда, масъалаи омӯзиши забони тоҷикӣ ва олмониро дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ кардаанд.

"Дар Олмон ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи вижа дода мешавад ва донишҷӯёни олмонӣ дар лагерҳои тобистонӣ забони тоҷикиро меомӯзанд", - гуфтааст Андреас Протманн. 

Дар ин мулоқот зикр гардидааст, ки 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Олмон таҳсил мегиранд.

Тарафҳо таъкид карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар асоси суратмаҷлиси музокироти миёнҳукуматии ҶТ ва Олмон дар масоъили ҳамкории молӣ ва фаннӣ ва барномаҳои ҷомеъаи олмонии ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.Дар зимн, Имомзода гуфт, ки дар 4 донишгоҳи ҶТ забони олмонӣ омӯхта мешавад.

Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад

Тарафҳо дар мулоқот дар бораи тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ барои афзойиши бурсияҳои омӯзишӣ, табодули таҷруба дар миёни омӯзгорон ва профессорон  ва баргузории тадобири муштарак тавофуқ карданд.

Лентаи хабарҳо
0