Байни вазоратҳои хориҷии Русияву Тоҷикистон барномаи ҳамкорӣ имзо шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо даъвати Сергей Лавров 24-25 феврали соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия сафар кард

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Байни вазоратҳои умури хориҷии Русиву Тоҷикистон барномаи ҳамкорӣ имзо шуд, гузориш медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 24-25  феврали соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Русия  боздиди расмӣ намуд.

Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин ба Маскав меравад
Гуфта мешавад, дар доираи сафар музокироти вазирони корҳои хориҷии ду давлат баргузор шуда, дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

"Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 ҳосил шуда буд, зоҳир гардид", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Сироҷиддин Муҳриддин: дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон хостори бозгашт ба Тоҷикистонанд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0