Заминларзаи шадид дар Эрон 9 нафар кушта ва даҳҳо танро захмӣ барҷой гузошт

© REUTERS \ TASNIM NEWS AGENCYЗемлетрясение в Иране
Землетрясение в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари заминҷунбӣ дар Эрон дасти кам 9 нафар бо шумули кудакон ба ҳалокат расиданд. Зери харобаҳо ҳамоно одамон қарор доранд ва шояд теъдоди қурбониён зиёд шавад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дирӯз дар манотиқи наздимарзии Эрону Туркия заминҷунбии шадид рух дод, ки қувваи он ба 5.9 дараҷаи Рихтер баробар буд. 

​Ба гузориши хабаргузории Anadolu маркази заминларза дар 141 километри ғарби шаҳри Табризи Эрон ва 71 километр ҷанубу шарқи шаҳри Озалпи Туркия ҷойгир будаст.

Ин офати табиӣ боис ба ҷон бохтани 9 нафар, аз ҷумла се кудак гардид.

​Зимнан, аз ҷароҳатҳои вазнин бардоштани 37 нафари дигар хабар дода мешавад, ки вазъи саломатии аксари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, зери харобаҳо ҳамоно шумораи номаълуми одамон қарор дорад ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0