Барканории Раҳмонзода аз СЭС-и Хуҷанд баъди эроди вазири тандурустӣ

© акс аз сафҳаи Фейсбукии СЭС - и ХуҷандРаҳмонзода Султон Раҳмон, собиқ сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд
Раҳмонзода Султон Раҳмон,  собиқ сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмонзода Султон Раҳмон, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз мақоми худ барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Гуфта мешавад, аз вазифа сабукдӯш шудани Раҳмонзода бар асоси пешниҳоди масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва эроди вазири тандурустӣ сурат гирифтааст.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон қарори барканории Салимӣ, ташаббускори унвони "Пешвои миллат"-ро имзо кард

Чанде пеш Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ироаи пешниҳод ба унвони вазири тандурустӣ иттилоъ дода буд, ки дар он масъалаи озод намудани Султон Раҳмонзода, аз вазифаи сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва таъин намудани нафари дигар ба ин мақом матраҳ шудааст.

Бино ба гуфти Маъруф Муҳаммадзода, ироаи пешниҳоди барканории Раҳмонзода баъд аз эроди Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба талабот мутобиқ набудани вазъи санитарии шаҳр сурат гирифтааст.

"Мо баъд аз эродгириҳои раиси вилоят ва вазири тандурустӣ барои бартараф кардани онҳо, корро шурӯъ кардаем. Аз он, ки аз ҷониби вазири тандурустӣ нисбати фаъолияти Султон Раҳмонзода, сардори маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологии шаҳр эрод шунида шуд, аз ин лиҳоз мо ба унвонии вазири тандурустӣ оиди аз кор озод намудани Раҳмонзода ва ба ҷои ӯ таъин намудани каси дигар пешниҳод ирсол намудем", - таъкид намуд Муҳаммадзода.

Арзёбии вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд, барои соли 2019, дар баргузории як ҷаласа дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирифт ва дар кори он Насим Олимзода минҳайси намоянда аз ҳукумати марказӣ иштирок дошт. Дар зимни баррасии масъалаҳо вазири тандурустӣ аз ҷавобгӯй набудани вазъи санитарии шаҳр, аз ҷумла аз кори Султон Раҳмонзода, сардори Маркази СЭС и Хуҷанд интиқод кард.

Барканории шаш додситон дар Суғд

Бино ба иттилоъи расмӣ Раҳмонзода Султон Раҳмон, аз моҳи июли соли 2018 бо амри раиси шаҳри Хуҷанд ба мансаби сардори идораи назорати давлатии санитарию эпидемологии Хуҷанд таъин гардида буд. Ӯ дорои унвонҳои "Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфта мешавад.

Бино ба иттилоъи манобеъ ҳоло ба ҷои Раҳмонзода, вазифаи сардори идораи СЭС дар Хуҷанд ро муваққатан Раҳмон Муҳаммадиев ба иҷро мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0