ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Окланд сабқати UFC Fight Night 168 баргузор шуд. Муҳимтарин рақобати ин шаб, вохӯрии "Аждаҳои ирландӣ" - Пол Фелдер ва варзишкор аз Зеландияи Нав Дэн Хукер шуд.
Рақобати ин ду варзишкор 25 дақиқа давом кард. Дар бахши аввал Хукер ба Фелдер хуб ҳуҷум кард. Чанд маротиба варзишкори ҷавон ба сари "Аждаҳои ирландӣ" муштҳои нишонрас заду чашми рости варзишкор қариб ки пӯшида шуд.
Дар бахши дуюм Фелдер тавозунро баробар кард, вале дере нагузашта Хукер боз фаъолтар шуд.
WHAT A FIGHT. Dan Hooker takes a split decision win at #UFCAuckland against Paul Felder. pic.twitter.com/asdCEjsN7R
— LockerRoom (@lockerroom_in) February 23, 2020
Дар раунди ниҳоӣ варзишкорон бо ҳисоби баробар 2-2 баромад карданд. Дар дақиқаҳои охир суръати ҳаракати Фелдер каме суст шуд ва Хукер ин лаҳзаҳоро хуб истифода карда ӯро ба партер кашид.
Бо қарори доварон дар сабқати UFC Fight Night 168 Хукер ғолиб дониста шуд. Зимни суханронӣ Хукер - Ҷастин Гейҷиро ба рақобат хост.
Фелдер дар навбати худ дар бораи ба нафақа баромадан изҳор дошт.
WOW! 👏
— UFC (@ufc) February 23, 2020
🇳🇿 THE HOMECOMING IS COMPLETE! #UFCAuckland pic.twitter.com/SUUHdM9NSo
Барои Дэни Хукер ин 20-умин ғолибият дар фаъолияти варзишиаш шуд. Ӯ ҳамагӣ ҳашт маротиба мағлуб шудааст. Пол Фелдери 34-сола бошад бори панҷум мағлуб шуд.