ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ҷумъа Давлатов 12 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 8437 нафар ё худ 45,5 фоиз, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1279 кас ё 22, 6 фоизро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Давлатов, талаботи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳо дар Кумитаи андоз, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қисман риоя нагардидааст.
“Ҳолатҳои бе озмун, яъне, то баргузории озмун, муваққатан иҷрокунандаи мансаб таъин намудан ҷой доранд”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Ҷумъа Давлатов.
Ба гуфти номбурда, бо вуҷуди холӣ будани мансабҳо дар Вазорати молия, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, хадамоти зиддиинҳисорӣ, алоқа, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол озмун гузаронида нашудааст.
13 қарори Президент: аз барканории мудири фурудгоҳи Кӯлоб то таъини муовини вазири дифоъ
“Таҳлили ҷойҳои кори холӣ дар мақомоти санҷидашуда маълум намуд, ки дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон 15, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт - 45, Шаҳритуз - 31, Кӯшониён - 29, Ҳамадонӣ - 28, Панҷакент - 24, Бобоҷон Ғафуров - 22, Мастчоҳ - 22, шаҳри Истаравшан - 21, ноҳияи Фархор - 21 ва Носири Хусраву Шуғнон 27 ҷойи кори холӣ нигоҳ дошта шудааст”- афзуд директори Агентӣ.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот қабул ва таъин ба мақомҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бар асоси озмун сурат мегирад.