ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бар асоси эъломи рӯзи шанбеи хабарнигорон ва бархе расонаҳои Афғонистон, Муҳаммад Нур Раҳмонӣ раиси Шурои устонии Сарипул ба унвони раиси вилояти нав барои ин вилоят аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳамзамон бо таъини раиси вилояти нав барои вилояти Сарпул, садҳо нафар аз ҳаводорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маҳалли раиси вилоят тачаммуъ кардаанд то раиси вилояти нав кори худро оғоз кунад.
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта бори дигар Муҳаммад Ашрафғаниро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ нафари дуввум шуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашрафғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро қабул накарда ва эълом кардааст, ки давлати фарогир ташкил медиҳад.
Қарор аст имрӯз Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои вилятҳои Ҷавзҷон ва Панҷшер низ вилоятдорони нав муаррифӣ кунад ва ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳануз дар инбора вокуниш нишон надодааст.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 декабри 2019 баргузор шуд.