Расулзода бо роҳбари "Салини Импреҷило" масъалаи "Роғун" - ро баррасӣ кард

© Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати "Салини Импреҷило" дар бунёду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии "Роғун" мавриди баррасӣ қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Рӯзи 20 феврал, савазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари ширкати "Салини Импреҷило" Пиетро Салини мулоқот кардааст.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати "Салини Импреҷило" дар бунёду барқарорсозии иншооти бузурги  гидроэнергетикии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии "Роғун" мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ҳамчунин доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор намуда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ кардаанд.

Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳҳорзода: НБО Роғунро фақат бо пули буҷет сохтан ғайри имкон аст, қарз мегирем

Ин дар ҳолест, ки бино бар иттилои Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молияи Тоҷикистон ҳамасола барои сохтмони Роғун аз буҷети кишвар беш аз 2,1 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Вай таъкид кард, ки ин маблағҳо дар давоми сол бо дархости ҶСК “Роғун” ба суратҳисоби онҳо пардохт карда мешавад. 

"Роғун" 1 миллиард қарздор аст: суҳбати ошкорои директори нерӯгоҳ дар бораи хусусигардонӣ

Вай ҳамчунин зикр кард, ки вазорати молия барои ҷалби сармояи иловагӣ барои сохтмони НБО Роғун бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ кор карда истодааст.  

"Мо ҳоло бо чанд ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем. Он шартҳое, ки онҳо пешниҳод кардаанд, мо онҳоро омӯхта ва баррасӣ дорем. Мо ҳамон шартҳоеро қобили қабул медонем, ки ба манфиати Тоҷикистон бошад. Мо бо дар назардошти қарзи берунаи кишвар, қарз хоҳем гирифт. Ин иншооти бузрг танҳо бо маблағҳои буҷетӣ сохта шуда наметавонад",  - таъкид дошт Қаҳҳорзода.

Қаҳҳорзода афзуд, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир наздик ба 36 дарсади ММД Тоҷикистон расидааст.

Лентаи хабарҳо
0