ВКД аз мардумфиребӣ дар Душанбе мегӯяд: маблағи ҳангуфт мегиранду дигар барнамегардонанд

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати фиреби сокинони пойтахт хабар медиҳад, ки қаллобон пули онҳоро гирифта бозпас надодаанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Ба кормандони милитсия дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино,  сокини 70 - солаи пойтахт бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаст, ки як ҳамсоли ӯ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 10 ҳазор долларашро гирифта бозпас надодаст.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани соҳибкор - роҳбари ширкати “Нур” дар Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Манбаъ аз қавли муроҷиаткунанда менависад, ки номбурда ба умеди соҳиби хонаи истиқоматӣ шудан ба доми фиреб афтодаст. 

Соҳибкорро фиреб дод: боздошти зани 47 сола бо иттиҳоми қаллобӣ

"Сокини Рӯдакӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки дар маҳалли зисташ ба вай сертификати хонаи истиқоматӣ медиҳад, вале бо гузашти 10 сол ваъдаи ӯ амалӣ нашудааст", - омадааст дар хабар.

Ҳамзамон, ба Шӯъбаи умури дохилии - 2 дар ҳамин ноҳия, марди 62 - сола, сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки ӯ низ ба доми ду зани қаллоб афтодаст.

Ҷаримаи мақомдори Бохтар барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин

Номбурдаро моҳи сенятбри соли 2015 дар кӯчаи Бобоҷон Ғаффуров, занони 52 ва 54 - сола, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб, фиреб дода, аз ӯ барои тиҷорати худ 16 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд.

Аммо бо гузашти 5 сол ин мард маблағи қарздодаи худро баргардонда наметавонад.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0