ДУШАНБЕ, 21 феврал — Sputnik. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва раиси Ситоди ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар машвара бо вазоратҳои иқтисоду нақлиёт ва саноат ба ин натиҷа расидаанд, ки иқтисоди кишвар ба мутахассини чинӣ эҳтиёҷ дорад, аз ин хотир, манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба кишвар маслиҳат нест.
“Аз як сӯ, мо имрӯзҳо иттило гирифтем, ки шиддати густариши “вируси тоҷдор” дар худи Чин коҳиш ёфтааст. Ин як хабари хуш барои мо аст. Интизор дорем, ки ба ҳамин зудӣ кишвари ҳамсоя аз ин офат раҳоӣ хоҳад ёфт. Аз сӯи дигар, ба Тоҷикистон аслан мутахассисини чинӣ ва бо дархости худи мо меоянд. Масалан, ҳамин шабу рӯзҳо 75 мутахассис аз Чин барои кор ба корхонаи тиллои Пакрут, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат вориди Тоҷикистон шаванд”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.
Бино ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар корхонаҳои вазорати саноат ва технологияҳои нави ин кишвар 2176 шаҳрвандони Чин кор мекунанд, ки танҳо 617 нафарашон барои ҷашни соли нави чинӣ ба ватан нарафта буданд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ шумораи машғул бо кор дар тарҳҳои ин ниҳодро беш аз 2 ҳазор нафар ҳисоб карда буд, ки ҳудуди 600 нафарашон дар замони хуруҷи “вируси тоҷдор” дар Чин будаанд.
Ин тасмими мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки Русия вуруди шаҳрвандони Чинро ба қаламраваш аз 20 феврал ба ин сӯ маҳдуд кард ва сокинони шаҳри Зайсони Қазоқистон аз мақомоти кишвари худ талаб карданд, ки сарҳади Қазоқистонро ба рӯи шаҳрвандони Чин бубанданд.
Раиси Ситоди ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” гуфт, тасмими Русия дар мувофиқа бо Чин гирифта шудааст, аммо Тоҷикистон дар машвара бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасмим хоҳад гирифт. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир маслиҳат фақат ин аст, ки тадобири шадиди ҷилавгирӣ рӯи даст гирифта шаванд.
Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад
“Ҳар чиние, ки вориди хоки Тоҷикистон мешавад, шурӯъ аз коргари оддӣ то мутахассису дипломат ҳатман таҳти қарантин гирифта, сипас рухсат мешаванд. Хушбахтона, то ба ҳол дар ҳеҷ якеи онҳо мо нишонаи гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” – ро ошкор накардаем”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.
Дар ҳамин ҳол, Мария Перфилева, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш ҳақ надорад ин ё он кишварро маҷбур кунад, ки дарҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Чин бандад. Вай афзуд, ин ниҳод танҳо машварат медиҳад, ки чӣ тур марзҳо амн шаванд.
“Созмони ҷаҳонии тандурустӣ фақат тавсия медиҳад, ки дар марзҳо ҳангоми пазироӣ аз шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки ба Тоҷикистон меоянд, амнияти зарурӣ таъмин шавад. Аммо мо дастури қатъӣ намедиҳем, ки марзатонро бандед ё боз кунед. Ҳар кишвар бояд хунсардона имконот, шароит ва захоири худро муҳосаба кунад. Агар дид, ки хатари бузург аст, бояд худ даст ба иқдом занад. Русия чунин тасмим гирифт, чун ин иқдомро зарур донист”, - гуфт намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 1 то 19 феврали соли равон 1066 чинӣ аз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ таҳти қарантин қарор гирифтанд ва аз ин шумора 577 нафар мураххас гардида, бақия ҳамоно таҳти назорати духтуронанд.
Вазорат: аз 900 шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистон касе мубталои коронавирус нест