"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевКайраккумская ГЭС, архивное фото
Кайраккумская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт-соатро ташкил дода, иншоот ба низоми энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110-киловолта пайваст аст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Шурӯъ аз моҳи августи соли гузашта яке аз неругоҳҳои барқи обии куҳантарини Тоҷикистон — "Қайроққум", воқеъ дар вилояти Суғд ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонии он бомаром  идома доранд.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи мазкур, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ  мегардад.

Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷдиду навсозии НБО “Қайроқум” моҳи май оғоз хоҳад шуд
Иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида шуда, иқтидори неругоҳ 50 мегаватт ва истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 дар сад меафзояд.

"Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода   бо  раванди корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”  шинос гардид. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австриягӣ сурат гирифта, итминон меравад, ки бо таҷдиди пурра тамоми низоми  он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда шуда, сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гардид", - менависад "Ховар".

Баъд аз таҷдиду навсозӣ иқтидори НБО Қайроқум 35 дарсад афзоиш меёбад

Имрӯз истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт-соатро ташкил дода, иншоот ба низоми энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110-киловолта пайваст аст.

Ёдовар мешавем, ки неругоҳи мазкур   дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ буда, бунёди он ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ солҳои 60-уми асри гузашта ибтидо гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0