Коронавирус: беш аз 1000 коргари чинӣ дар Тоҷикистон бистарианд

Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд миёни 1066 чиние, ки аз Чин ба кишвар ворид шудаанд, сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииТоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 то 19 феврали соли равон 1066 нафар шаҳрвандоне, ки аз музофотҳои гуногуни Чин ба Тоҷикистон ворид шудаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар бистарӣ гардидаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумора то ба ҳолати зикршуда 577 нафар аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, боқимонда таҳти назорати духтурон қарор доранд.

"Хушбахтона, то кунун дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабарнома.

Аммо, новобаста ба ин, Вазорати тандурусти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Вируси тоҷдор дар Чин - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии даҳшатноки ТУТ: 70 дарсади инсоният гирифтори коронавирус мешавад

Ёдрас мешавем, ки Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон  ҷамоҷамъ 2176 шаҳрвандони Чин кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб танҳо 617 нафарашон ба таътил ба Чин нарафта буданд.

Яъне, 1559 коргари чинӣ, ки ба таътил рафта буданд, вориди Тоҷикистон мешаванд. 

"Инҳо коргарони корхонаҳои "Зарафшон", ширкати "Зарнисор", ширкати "Душанбе саноати кӯҳӣ", корханаҳои истеҳсоли семент ва бештар коргарони корхонаҳои коркарди маъдан мебошанд. Мо рӯйхати коргаронеро, ки аз таътил аз Чин бозгаштаанд  пешниҳод кардем ва як қисме аз онҳо дар карантин қарор доранд", - гуфт вазир ва афзуд, ки ҳар як коргари чинӣ, ҳини бозгашт аз Чин ба беморхонаҳои сироятии Тоҷикистон интиқол меёбад

Лентаи хабарҳо
0