Клипи нав: Абдурозиқ суруди Далер Назаровро сароид - видео

Обуна шудан
Дар ин намоҳанг Абдурозиқ ба навозиши пианино сабт шудааст. Пештар ӯ дар саҳифааш дар Instagram машқи пианиноро нишон дода буд

Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет намоҳанги навбатии худро бо суруди ҳунарманди нотакрор Далер Назаров - "Чак Чаки борони баҳор", пешкаши мухлисон кард.

Абдурозик показывает как надо познакомится с девушкой - Sputnik Тоҷикистон
"Барои мардон": Абдурозиқ нишон дод, чӣ гуна бояд бо духтар шинос шуд - видео

Намоҳанг 19 феврал дар шабакаи Youtube нашр шудаасту дар давоми як рӯз онро беш аз 119 ҳазор кас боздид намуда ва беш аз 17 ҳазор корбар писандидааст.

Ин рекорди нави Абдурозиқ миёни намоҳангҳои ситораҳои эстрадаи тоҷик дар шабакаи Youtube мебошад.

Абдурозиқ пештар шеъри маъруфи “Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро” - и шоир Туғрал Аҳрорӣ - ро суруда буд.

Ин намоҳанг дар қалъаи Ҳисор, аз зебогӯшаҳои Тоҷикистон наворгирӣ шуда буд.

То ин муддат сурудҳои Абдурозиқ қалби миллион бинандаро дар YouTube тасхир кардааст. Аз ҷумла суруди муштараки ӯ ва репсаро Барон  бо номи “Ватан - Модар”, ки танҳо дар моҳи аввали баъди нашр, теъдоди тамошобинонаш ба бештар аз 2, 3 милион расид.

Ва ё суруди “Оҳанги дили зор” - и Абдурозиқро то ин муддат дар зиёда 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле рекорд ва ё “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар YouTube гуфта мешавад.

Бозгашти Абдурозиқ ба зодгоҳи худ шаҳри Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Абдурозиқ меҳмонхона месозад: изи пои Алӣ (а), шоҳи кофир ва қурутоби "девона" - видео

Сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт. Аз он замон масъулияти сабт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.

Суруди "Чак чаки борон"

Бояд гуфт, ки "Чак-чаки борони баҳор" - ба қалами шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ тааллуқ дошта аз сурудҳои машҳуртарини маэстро Далер Назаров мебошад.

То ин дам ин суруд аз ҷониби овозхонони машҳури гуногуни ҷаҳон иҷро шудааст.

Юлдуз Усмонова Ҳунарманди мардумии Узбакистон рӯзи 8 марти соли 2009 дар саҳнаи Кохи Борбад бо Далер Назаров ин сурудро иҷро карда онро аз дӯстдоштатаринаш гуфт.

Солҳо пеш ҳам як писарбачаи узбакистонӣ Ҷӯрабек Ҷӯраев бо иҷрои ин суруд корбарони интернетро тасхир карда буд.

Писарча чунон машҳур гардид, ки ба барномаи машҳури Малахов даъват шуд.

Лентаи хабарҳо
0