ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Эрон ду нафар бар асари мубтало шудан ба маризии сироятии "вируси тоҷдор" ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Маъсуд Мардон узви Кумитаи миллии бемориҳои сироятии Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Ба изҳори Маъсуди Мардон, марҳумон бо ягон шаҳрванди Чин тамос надоштанд ва феълан омили сироят ёфтани онҳо норушан аст.
Коронавирус то ба Эрон расид: мақомот аз мубтало гардидани ду нафар хабар доданд
Хабари марги ду шаҳрванди Эрон бегоҳи рӯзи 19 - уми феврал расонаӣ шуд ва ҳар ду қурбонӣ сокинони вилояти Қум мебошанд.
Зимнан, Вазорати беҳдошти Эрон хабар медиҳад, ки ба ҷузъ ҳалокати ду сокини Қум, мавориди гирифтории сокинони ин вилоят ва дар маҷмӯъ дар қаламрави Эрон ба маризии "вируси тоҷдор" сабт нагардидааст.
"Алъон Кумитаи миллӣ оид ба бемориҳои сироятӣ дар пайи муайян намудани шароити интиқол ёфтани маризӣ ба ду сокини Қум мебошанд. Ҳадс зада мешавад, ки онҳо аз ягон сайёҳе, ки ҳамсоякишварҳо вориди Эрон шудааст, дардманд гардиданд", - афзудааст Мардон.
Дар ҳамин ҳол, ректори Донишгоҳи илмҳои тибби Қум ба хабаргузории IRNA иттилоъ додаааст, ки ду беморхонаи ин вилоятро барои қабули гумонбарон ба маризии коронавирус ҷудо намудаанд.
Гузашта аз ин, бар тибқи иттилои Шабакаи телевизионии давлатии IRIB, рӯзи панҷшанбе дар тамоми мактабу донишгоҳҳои ин вилоят ба хотири равшанӣ андохтан ба ҳодисаи мазкур, таҳсилро манъ намуданд.