ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Аз 21 то 23 - юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон мусобиқаи байналмилалии "Dusseldorf Grand Slam 2020" оид ба дзюдо баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки 802 нафар варзишгарон, аз ҷумла 471 мард ва 331 зан аз 121 мамлакати ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгар муаррифӣ мекунанд.
Зимнан, бояд тавзеҳ дод, ки ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо "Paris Grand Slam 2020", ки дар шаҳри Порис баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ
Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд.
Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар "Paris Grand Slam 2020" 683 нафар варзишгарон аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд.