Вакили қирғиз хост генерал Абдулло Навҷувонов “персона нон-грата” эълом шавад - видео

© © SputnikАбдулло Навҷувонов, сардори Раёсати вазорати корхо дохилии Тоҷикстон дар вилояти Суғд
Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати вазорати корхо дохилии Тоҷикстон дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки генерал Абдулло Навҷувонов дар Қирғизистон “унсури номатлуб” ё “персона нон-грата” эълом шавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вакили парлумони Қирғизистон Канибек Иманалиев ба Вазорати умури хориҷаи кишвараш пешниҳод намудааст, ки сардори Раёсати ВКД Суғд генерал Абдулло Навҷувоновро, ки ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистон дар гузашта мутааллиқ ба тоҷикон буд, “унсури номатлуб” (персона нон-грата) эълон кунанд.

Начальник управления МВД по Согдийской области назначен генерал-майор милиции Абдулло Навджувонов  - Sputnik Тоҷикистон
"Фикри шахсии генерал аст": вазири корҳои хориҷӣ дар бораи суханони Навҷувонов

Ба гуфтаи вай гуфтаҳои охири генерал Навҷувонов қобили қабул нест.

“Ман гуфтаҳои сардори РВКД вилояти Суғдро дасисаҷӯёнаву таҳрикомез мешуморам, ки бо таъриху воқеъият ҳеч созгорӣ надоранд”, - таъкид дошт вакил.

Вай таъкид кард, ки дар соли 1997 баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз Қирғизистон ҳазорҳо муҳоҷирони Тоҷикистонро қабул кард.

“Он замон раисҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон барои кумаки Қирғизистон миннатдор буданд, аммо имрӯз генерали тоҷик барои худ изҳоротеро раво мебинад, ки боиси идомаи таниш миёни  ду кишвари бародар мешавад”, - гуфт ӯ.
Вакили парлумони Қирғизистон қайд кард, ки генерал Навҷувонов сиёсатмадори кӯчагӣ ё роҳбари ташкилоти ғайридавлатӣ нест, балки ӯ дар сохтори мақомоти Тоҷикистон мақоми баланд дорад.
“Ман пешниҳод дорам ва мехоҳам, вакилон маро дар ин масъала дастгирӣ намоянд. Пешниҳод дорам ба Вазорати умури хориҷа дастур дода шавад то Абдулло Навҷувонов "унсури номатлуб” (персона нон-грата) эълон шавад”, - гуфт Имоналиев.

Ёдрас мешавем, ки қаблан зимни нишастӣ матбуотӣ дар шаҳри Хуҷанд генерал Абдуллоҳ Навҷувонов гуфта буд, ки вилояти Суғд ду мушкил дорад, нахуст ихтилофоти марзӣ бо Қирғзиистон ва дуввум терроризм.

Вай дар ин нишаст қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро дар гузашта мутааллиқ ба тоҷикон унвон карда буд, ки бо эътирози шадиди тарафи қирғизӣ рӯбарӯ шуд.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Навҷувонов 2 мушкили асосии амнияту тартибот дар Суғдро гуфт

Дар пайи ин суханон Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо эҳзори сафири тозамансубшудаи Тоҷикистон дар Бишкек маротиби эътирози худро дар бораи изҳороти генерал Абдуллоҳ Навҷувонов эълом кард.

Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, суханони Навҷувонов дар бораи Бодканд "фикри шахсии генерал" аст ва мавқеи расмии ҳукумати Тоҷикистон нест. 

Вай гуфт, "танҳо изҳороти ВУХ ва сарвазири кишвар бобати масоили марзӣ бо Қирғизистон", метавонад мавқеъи расмӣ бошад.

Ба гуфти вазир, гарчанде ҷониби Қирғизистон дар паи суханони Навҷувонов сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро фаро хонда бошад ҳам,  ин маънои онро надорад, ки масъала миёни ду кишвар мушкилот эҷод мекунад.

"Чизеро, ки генерал Навҷувонов гуфт ва ҳатто бархе аз намояндагон аз тарафи Қирғизистон ҳам мавқеъҳои мухолифро мегӯянд, бештар  ба таърихшиносон ва бостоншиносони Академияи улум, ки таърихи ҳар мавзеъи кишвари моро медонанд, дахл дорад", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Лентаи хабарҳо
0