ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Се куҳансарбози Ҷанги бузурги ватанӣ аз Тоҷикистон бо даъвати Ҳукумати Русия дар тантанаҳои бахшида ба таҷлили 75-умин солгарди Иди Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд. Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони Тоҷикистон Шавкат Мирзоев хабар додааст.
Мирзо Бегматов, сокини Кӯлоб ва Шариф Ғафуров, сокини Хуҷандро писаронашон, Назар Ашӯров, зодаи шаҳри Турсунзодаро бошад, наберааш дар сафар ба Русия ҳамроҳӣ мекардаанд.
Ёдрас мешавем, то имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 184 куҳансарбоз мондаанд.
Пештар, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскавро расман таъйид кард.
Чанде қабл Владимир Путин, президенти Русия зимни ирсоли як даъватнома ҳамтои тоҷикашро барои ширкат дар маросими таҷлил аз 75 – умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) хонда буд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ин маросим Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар роҳпаймоии тантанавӣ дар Майдони Сурхи пойтахти Русия ширкат хоҳанд кард ва Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 57-долларӣ хоҳад дод.
9 майи соли равон ба пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар артиши нозии Олмон, ки дар таърих Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шудааст, 75 сол пур мешавад. Дар ин ҷанге, ки қариб чор сол идома дошт, беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ширкат карда, 92 ҳазор нафар барнагаштанд.
Владимир Путин ба таҷлили Рӯзи Ғалаба як қатор сарони кишварҳо, аз ҷумла раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро низ даъват кардаааст. Қаблан ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки 17 президент иштирокашонро дар ин чорабинии пуршукӯҳ тасдиқ кардаанд.