ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Соли сипаришуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 582 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии мухаддирот ошкор шуда, 1 тоннаву 637 кило маводи нашъаовар мусодира гардидааст.
Дар ин бора Шерхон Салимзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, солҳои охир дар ҷумҳурӣ коҳишёбии сатҳи нашъамандӣ байни аҳолии маҳаллӣ ба мушоҳида мерасад.
Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон
Шумораи онҳо аз 8645 нафари дар соли 2008 то 5375 нафар ба ҳолати 1 январи соли равон расидааст.
“Давоми солҳои 2017 – 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 32 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллиро ошкор ва фаъолияташонро қатъ намуданд”, - афзуд Шерхон Салимзода.