Сад ҳазор рубл - ҷаримаи муҳоҷири тоҷик барои пешниҳоди 11 ҳазор рубл пора ба пулис

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкИнспектор Специального батальона ГИБДД
Инспектор Специального батальона ГИБДД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Оренбург шаҳрванди Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунад, ки барои нақзи қавонин роҳ ба пулис 11 ҳазор рубл пора пешниҳод кардаст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Додгоҳи Оренбург дар қиболи муҳоҷири 28 - солаи Тоҷикистон ҳукм эълон намудаст, хабар медиҳад прокуратураи ин вилоят.

Радди ҷазои ронанда барои нафаромадан аз мошин: Раҳимзода гуфт, ҷаримаҳоро кам намекунанд

Ба иттилои манбаъ, муҳоҷири тоҷик ба он муттаҳам мешавад, ки барои раҳо ёфтан аз чанги пулиси роҳ ба ӯ 11 ҳазор рубл пора пешниҳод намудааст.

"Додгоҳ муайян намудаст, ки ин шаҳрванди хориҷӣ дар дохили дидбонгоҳи БДА ба пулиси роҳ ба хотири тартиб надодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 11 ҳазор рубл пора пешниҳод кардаст", - омадааст дар хабар.

Зимнан, бо қарори додгоҳ муҳоҷири тоҷик айбдор дониста шуд ва ӯро дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ҷарима бастанд.

Феълан, қарори додгоҳ ба ҳукми қонунӣ надаромадааст.

Лентаи хабарҳо
0