ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Қарори мазкур дар доираи корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон амалӣ мегардад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сардори Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
“Ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳои вилоятӣ, новобаста аз шакли моликияташон, дастур дода шудааст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонӣ, инчунин омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ободонӣ ва равшаннамоии ҳудуди биноҳо, биноҳои маъмурӣ, кӯчаю гузаргоҳҳо саҳмгузор бошанд”, - афзуд манбаъ.
Дар доираи татбиқи қарор таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионии ташкили корхонаҳои васлу насби сутунҳо, гӯша ва овезаҳои ороишӣ, равшанидиҳандаи сарироҳӣ, намои бино, муаррификунандаи корхона дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ташкили намоиш-ярмарка бо пешниҳоди маҳсулот, чароғонкунии ороишии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ, меҳмонхонаҳо, роҳҳои нақлиётии дохилишаҳрӣ, марказҳои шаҳраку деҳот пешбинӣ гардидааст.
Шарти вазир ва ваъдаи паймонкор: таҷдиди роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб оғоз шуд
Ин қарор дар ҳолест, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон се сол аз 2019 то 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, бо ҷалби қишрҳои гуногун дар навоҳии кишвар сохтмонҳо идома доранд.