Дар Маскав севумин ҷашнвора ва намоишгоҳи тамаддуни шарқӣ "Тоқӣ" баргузор гардид. Дар ҷашнвора кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин дар намоишгоҳ ҳунарҳои мардумии Русия низ ба маърази ом гузошта шуд.
Дар "Тоқӣ" тарроҳон, рассомон, кордгарон, заргарон ва оҳангарон маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд.
Меҳмонон бо дасти холӣ аз ин намоишгоҳ баргашта наметавонистанд: онҳо барои худ либос аз атлас, тоқӣ ё ҷома ва пиёлаву табақ мехариданд.
Онҳо гӯё дар ҳақиқат дар яке аз бозорҳои Шарқ бошанд, ба шавқ колоро савдо менамуданду аз фурӯшандаҳо хоҳиш мекарданд, ки арзон кунанд.
Фестивал аз лаҳзаҳои фароғатӣ низ холӣ набуд. Дар он дар бораи оҳангсозии номии тоҷик Толибхон Шаҳидӣ филми ҳуҷҷатӣ ба намоиш гузошта шуд.