Сардухтури 51 - солаи беморхонаи Вуҳан аз коронавирус фавтид

© The Central Hospital of WuhanКоронавирус нового типа зарегистрирован в Китае
Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВАО Чин қаблан хабар дода буд, ки пизишкон барои наҷоти ҷони сардухтури беморхонаи Вуҳан талош доранд, вале имрӯз хабари марги ӯ тасдиқ шуд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Субҳи имрӯз, 18 - уми феврал сардухтури бемористони "Учан" - шаҳри Вуҳан Лю Чжимин, ки аз дардмандони "вируси тоҷдор" сироят ёфта буд, ба ҳалокат расид.

Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, киҳо тезтар метавонанд ба коронавирус гирифтор шаванд

Хабари марги сардухтурро Телевизионии марказии Чин тасдиқ кард.

Қаблан, бегоҳи рӯзи душанбе, рӯзномаи "Женмин Жибао" хабар дод, ки сардухтури 51 - солаи ин беморхона фавт кард, вале баъдан хабари марги ӯ дурӯғ баромад. Расонаҳои Чин хабар доданд, ки пизишкон барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд.

Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад

Аммо субҳи рӯзи сешанбе, Телевизиони марказии Чин хабар дод, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди табибон , Лю Чжимини 51 - сола бар асари гирифторӣ ба маризии сироятии "вируси тоҷдор" ба ҳалокат расид.

Гуфта мешавад, Лю Чжин ягона роҳбари муассисаи тандурустӣ дар Чин мебошад, ки бар асари мубтало шудан ба коронавирус ҷон бохт.

Нахустин қурбонии коронавирус дар Аврупо: зани чинӣ дар Фаронса фавтид

Беморхонаи "Учан", ки дар он Лю Чжимин кор мекард, яке аз аввалин муассисаҳои махсусгардонидашуда буд, ки қабули шахсони сироятшударо бо намуди нави коронавирус оғоз кард. Ҳайати ин дармонгоҳ аз  966 нафар иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0